Skip Navigation
The Endowment for Human Development
The Endowment for Human Development
Improving lifelong health one pregnancy at a time.
Donate Now Get Free Videos

Multilingual Illustrated DVD [Tutorial]

The Biology of Prenatal Development




БИОЛОГИЯИ РИВОҶЁБИИ ПЕШ АЗ ТАВАЛЛУД

.Тожик [Tajik]


National Geographic Society This program is distributed in the U.S. and Canada by National Geographic and EHD. [learn more]

Choose Language:
Download English PDF  Download Spanish PDF  Download French PDF  What is PDF?
 

Chapter 1   Introduction

Ҷараёни динамикӣ чунин давраест, ки ҷанини аз як ҳуҷайра иборат будаи инсон то замоне, ки ба одами бузург табдил ёфта дорои 100 триллион ҳуҷайра мегардад - шояд ҳодисаи аҷибтарин дар саросари табиат бошад.

Муҳаққиқон ҳоло медонанд, ки аксари вазифаҳои рӯзмарра ки бадани солим ва тандурусту ривоҷёфта ба жо меорад, дар давраи ҳомиладорӣ - аз таваллуд хеле пештар муқаррар мегардидааст.

Марҳалаи инкишофи то таваллудро аксаран чун давраи омодасозӣ ном мебаранд, дар ин марҳала одами инкишоф ёбанда сохтори бисёреро дарёфт мекунад ва қобилияти фаровонеро падид меоварад, ки баъд аз таваллуд барои бақо ҳатмӣ мегарданд.

Chapter 2   Terminology

Ҳомиладорӣ дар инсоният одатан аз рӯзи ҳомиладоршавӣ сар карда ёки аз вақти нутфарезӣ қариб 38 ҳафтаро фаро мегирад.

Дар зарфи 8 ҳафтаи аввали баъди бордоршавӣ, одами инкишофёбанда ҷанин номида мешавад, ки маънои "дар батн ривоҷёбанда" - ро дорад. Ин давра давраи ҷанинӣ номида шуда бо ташаккулёбии аксари системаҳои асоситарини бадан тавсиф меёбад.

Бо поёнрасии 8 ҳафта то охири давраи ҳомиладорӣ "одами ривоҷёбанда - "ҳомила" номида мешавад, он маънои "насли оянда" - ро медиҳад. Дар давоми ин давра, ки марҳалаи ҳомиладорӣ номида мешавад, бадан ёхуд тан боз ҳам калон мешавад ва системаҳои ӯ ба ижрои вазифаҳои худ мепардозанд.

Тамоми марҳала мутааллиқ ба ҷанин ва ҳомиладорӣ дар ҳамин барнома аз бордоршавӣ сар карда ба ҳамин давра мансубанд.


Add a Comment

Your Name: Log In 3rd-party login: Facebook     Google     Yahoo

Comment: