Skip Navigation
The Endowment for Human Development
The Endowment for Human Development
Improving lifelong health one pregnancy at a time.
Donate Now Get Free Videos

Multilingual Illustrated DVD [Tutorial]

The Biology of Prenatal Development




БИОЛОГИЯИ РИВОҶЁБИИ ПЕШ АЗ ТАВАЛЛУД

.Тожик [Tajik]


National Geographic Society This program is distributed in the U.S. and Canada by National Geographic and EHD. [learn more]

Choose Language:
Download English PDF  Download Spanish PDF  Download French PDF  What is PDF?
 

The 8-Week Embryo

Chapter 30   8 Weeks: Brain Development

Дар поёни ҳафтаи 8 мағзи сар ба даражаи баланд ривоҷ меёбад ва қариб нисфи вазни пурраи бадани ҳомиларо ташкил мекунад.

Рушди ҷанин бо суръати баланд давом мекунад.

Chapter 31   Right- and Left-Handedness

Дар зарфи ҳафтаи 8, 75 фоизи ҳомила бартарияти дасти ростро нишон медиҳад. қисми боқимонда як хел тақсим мешавад, миёни ривоҷёбии самти чап баробар тақсим шуда ва ҳечгуна бартарӣ рӯй намедиҳад. Ин аст исботи аз ҳама барвақттарини ҳаракатҳои ростҷониба ва ё рафтори чапҷониба.

Chapter 32   Rolling Over

Китобҳои дарсии табобати кудакон пайдоиши лаёқати "якпаҳлу гаштан" - ро тавсиф мекунанд, ки он давраи аз 10 то 20 ҳафтаи баъд аз таваллудро дарбар мегирад. Аммо ин ҳамоҳангсозии муассир каме пештар рӯй медиҳад, алтаи амниотикӣ бо моеъ пур шудааст ва ин дар муҳити кашиши заиф рӯй медиҳад. Танҳо набудани қувваи зарурӣ барои бартараф намудани қувваи пурзӯри гравитатсия дар берун аз бачадон навзодонро аз якпаҳлӯ шудан эмин нигоҳ медорад.

Ҷанин дар ин вақт боз ҳам аз лиҳози ҷисмонӣ фаъолтар мегардад.

Ҳаракатҳо мумкин аст оҳиста ва ё зуд-зуд, якка-якка ё мунтазам такроршаванда, озод ва ё рефлексӣ ба амал оянд.

Чарх задани сар, хамшавии гардан ва расондани дастон ба рӯй зуд-зуд ба амал меоянд.

Агар ба ҷанин дастрасонӣ ба амал ояд дар ин сурат чашмони ҳомила нимпӯш мегарданд, ҳаракати даҳон, ҳаракати нигоҳдоранда ва такони ангуштони пой рӯй медиҳад.

Chapter 33   Eyelid Fusion

Дар мобайни ҳафтаи 7 ва 8 пилкони боло ва поёнии чашмон дар атрофи чашм зуд калон мешаванд ва ба якдигар нимма мечаспанд.

Chapter 34   "Breathing" Motion and Urination

Ҳарчанд дар дохили бачадон ҳеҷ гуна ҳаво вуҷуд надорад, аммо бо вуҷуди ин ҷанин дастгоҳи нафаскашни канда-кандаро зарфи ҳафтаи 8 нишон медиҳад.

Дар ин вақт гурдаҳо пешоб хориҷ мекунанд, ки он ба моеъи амниотикӣ рафта мерезад.

Дар ҷанинҳои мардона объекти ривоҷёбанда дар баробари пешоб тестостеронро низ хориҷ мекунад ва ҷудо мекунад.

Chapter 35   The Limbs and Skin

Устухонҳо, рагу пайҳо, мушакҳо, асабҳо ва рагҳои хунгузари ба мисли одамони калонсол монанд мешаванд.

То ҳафтаи 8 эпидерма, ёки пӯсти берунааш ба мембранаи бисёрқабата бармегардад ва шаффофии худро гум мекунад.

То пайдо шудани мӯйҳо дар атрофи даҳон абрувон низ мерӯянд.

Chapter 36   Summary of the First 8 Weeks

Бо гузашти 8 ҳафта давраи инкишофи ҷанин ба поён мерасад.

Дар ин марҳала ҷанини инсон аз як ҳуҷайра рӯида ба 1 миллиард ҳуҷайра меафзояд, ки онҳо бештар аз 4,000 созмонҳои ба назар намоёни анатомикиро ташкил медиҳанд.

Дар ин вақт ҳомила ба бештар аз 90% созмонҳое, ки дар одами калонсол дида мешавад, доро мегардад.


Add a Comment

Your Name: Log In 3rd-party login: Facebook     Google     Yahoo

Comment: